ДАР ҚӮРҒОНТЕППА ҲАЙКАЛИ РӮДАКӢ КУШОДА ШУД
Қӯрғонтеппа, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Рӯзи таҷлили Иди истиқлолияти ҷумҳурӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳайкали асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ кушода шуд. Ба ин муносибат ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он муовини аввали сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов сухан кард. Ӯ дар бораи саҳми бузурги Абӯабдулло Рӯдакӣ дар ташаккулу инкишофи адабиёти тоҷик сухан ронд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои сохтмони ҳайкали ёдгорӣ як миллиону 294 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Дар сохтмони он 60 нафар коргар ширкат варзид. Муаллифи ҳайкал муҷассамасози маъруфи тоҷик Шаҳриёр Мухторов мебошад. Дар Боғи марказии фарҳангу фароғат ба муносибати 17- солагии истиқлолияти Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






