ДАР ҚАЗОҚИСТОН КИТОБИ НАВИ ШАРИФ ШУКУРОВ ЧОП ШУД
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр», — Маҷмӯаи мақолаҳои донишманди маъруфи тоҷик Шариф Шукуров таҳти унвони «Маъно, образ ва шакл» дар Қазоқистон бо забони русӣ чоп шуд. Ин маҷмӯа ҳамчун замимаи маҷаллаи «Эроннома» ба нашр расид. Китоб аз 3 қисм иборат буда, қисми аввал дар бораи таърихи мамлакатҳои ҷаҳон баъд аз Искандари Мақдунӣ, ибодатхонаҳо, бутхонаҳо, оташкадаҳо, проблемаҳои динӣ ва инъикоси онҳо дар осори бадеӣ баҳс мекунад. Қисми дуюм «Эрон» ном дорад ва дар он мақолаҳои пурарзиш дар бораи ирфони эронӣ ва расму русуми эрониён, аз ҷумла тоҷикон, иди миллии тоҷикон-Наврӯз, ҳамчунин дар бораи адибони бузург ва меъморони машҳури Хуросони Бузург гирд оварда шудаанд. Қисми сеюми китоб ба хусусиятҳои замони муосир ихтисос дода шудааст. Дар он хонанда бо осори чандин наққоши муосир ва баъзе андешаҳои муаллиф дар бораи фарҳанг ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа ошно мегардад. Ёдовар мешавем, ки китоби «Маъно, образ ва шакл» дар нашриёти «Дайк пресс»- и шаҳри Алмаато 1000 нусха чоп шудааст. Муаллифи китоб писари олими маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шукуров буда, ҳоло дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






