ДАР ҶАМОАТИ ВОРУХ МАКТАБИ НАВ КУШОДА ШУД

Сентябрь 2, 2008 09:23

            Исфара, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова), — Дар деҳаи Сари дашти ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара дар арафаи соли нави таҳсил мактаби нав ба истифода дода шуд. Дар ҷамъомади ботантанаи ба ин муносибат барпогардида раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ширкат варзид. Деҳаи Сари дашт аз маркази ноҳия дар масофаи 60 километр дар наздикии сарҳади Қирғизистон воқеъ мебошад.           Бояд гуфт, ки бинои мактаби деҳа кӯҳнаю фарсуда гардида буд. Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ барои сохтмони бинои нави мактаби дуошёна 820 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. 180 ҳазор сомонии дигар аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ ҷудо гардид. Мактаб барои 240 талаба пешбинӣ карда шудааст.

Сентябрь 2, 2008 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад