ДАР ДУШАНБЕ НАМОИШГОҲИ «СОҲАҲОИ ЁРИРАСОНИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН- 2008
Душанбе 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз 18 то 20 сенетябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналхалқии «Соҳаҳои ёрирасони иқтисодиёти Тоҷикистон — 2008» баргузор мегардад. Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар намоишгоҳ дастовардҳои охирини соҳаҳои сохтмон, энергетика, истихроҷи маъдан, барқ ва нафту газ намоиш дода хоҳад шуд. Намоишгоҳ бо ташаббуси созмони ташкили намоишгоҳҳои Британияи Кабир бо кӯмаки Ҳукумати Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, вазоратҳои энергетика ва саноат, нақлиёту алоқа, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати мамлакат гузаронида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои Тоҷикистону Русия, Украинаю Лаҳистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Чин иштирок менамоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






