ДАР ЕРЕВАН МАҶЛИСИ КУМИТАИ КОТИБОНИ ШӮРОҲОИ АМНИЯТИ СААД КУШОДА МЕШАВАД

Сентябрь 3, 2008 11:59

            Маскав, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Имрӯз дар пойтахти ҷумҳурии Арманистон — шаҳри Ереван маҷлиси Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ кушода мешавад. Роҳбарони шӯроҳои амният тамоили густариши вазъи сиёсиро дар қаламрави СААД ва минтақаҳои атрофи он, тадбирҳои бартараф сохтани таҳдидҳо ва зуҳуроти имрӯза, инчунин ҷараёни иҷрои қарорҳои иҷлосияҳои соли 2006 дар Минск ва солҳои 2007 дар Душанбе баргузоргардидаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва вазъияти минтақаи Қафқозро муҳокима мекунанд.            Иштирокчиёни маҷлис ҳуҷҷатҳоеро баррасӣ мекунанд, ки ҳадафи онҳо ба вуҷуд овардани низоми самарабахши муборизаи муштарак ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира мебошад. Аз ҷумла, лоиҳаи созишнома дар бораи омода сохтани мутахассисон барои мақомоти муҳофизи қонун, сӯхторнишонӣ, наҷотбахш ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти фаъолияти зидди маводи нашъадор дар доираи СААД, лоиҳаи барномаи амалиёти муштарак барои бунёди низоми таъмини амнияти иттилоотӣ ва лоиҳаи нақшаи амалиёти муштараки давлатҳои аъзои созмон дар бобати амалӣ сохтани стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ барои солҳои 2008-2012 — ро баррасӣ мекунанд. Баъдан лоиҳаи низомномаи тартиби маблағгузорӣ ва иҷрои барномаҳои мақсадноки байнидавлатии СААД, самтҳои афзалиятноки фаъолияти созмон дар нимаи дуюми соли 2008 ва нимаи аввали соли 2009 ва ғайра мувофиқа карда мешаванд.  

Сентябрь 3, 2008 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид