ДАР МАҶЛИСИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев маҷлиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.Дар он «Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай», «Тартиби инъикоси кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм», «Тасдиқи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи омаду рафти бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ», «Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит намудани фармони раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомномаи фаъолияти прокурори низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи маҷлиси якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси нмояндагон Олимҷон Салимов ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Зоҳиров дар бораи аҳамияти ин қарору қонунҳо ибрози ақида намуданд. Аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки баъзе қонуну қарорҳои муҳокимагардида барои баррасӣ ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати сеюм ва баъзе ҳуҷҷатҳо барои хулосабарорӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристонида шуданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






