ДАР МИНСК МАҶЛИСИ 19 –УМИ ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ КУШОДА ШУД
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар пойтахти Белорусия — шаҳри Минск маҷлиси 19 – уми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ ва миллии давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия кушода шуд. Аз Тоҷикистон дар ин маҷлис муовини раиси Бонки миллӣ Малоҳат Холиқзода ва муовини сардори раёсати назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллӣ Шамсиддин Нуров иштирок доранд. Дар маҷлиси Шӯро масъалаҳои марбут ба ҷиҳатҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти бонкҳо, ҳамоҳанг сохтани принсипҳо ва роҳу усулҳои амалӣ сохтани сиёсати пулу қарз дар давлатҳои аъзои созмон, фаъолияти шӯъбаҳои карздиҳии бонкҳо, иваз кардани таҷриба дар бобати низоми пардохтҳои гуногун ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Дар маҷлис намояндагони бонкҳои марказӣ ва миллии Белорусия, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Агентии танзим ва назорати молиявӣ, Бонки байнидавлатӣ, Бонки рушди Еавразия ва котиботи Кумитаи ҳамгироии созмон иштирок менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






