ДАР ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз, 22 –юми сентябр, таҳти Раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаҳои Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби халқӣ», оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регистрҳои давлатӣ» ва ғайраҳо мавриди муҳокимаи аъзои Шӯро қарор гирифтанд. Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро дохилгардида, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Акрамшо Филолиев, Маҳбуба Нуриддинова, Додихудо Саймуддинов, Мирзошариф Исломиддинов ва Гулчеҳра Бозорова суханронӣ намуда, доир ба моҳияти ин қонуну қарорҳо ибрози ақида намуданд. Аз лоиҳаи қонуну қарорҳои муҳокимагардида, қисме ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати сеюм ва қисме барои хулосабарорӣ ба Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон супорида шуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






