ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАМЪ ОВАРДАН ВА БА ХОРИҶА ФИРИСТОДАНИ ШИРАИ КАМОЛ МАНЪ КАРДА ШУД

Сентябрь 22, 2008 14:43

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави мамлакат ҷамъоварии шираи камол ва ба хориҷа фиристодани он манъ карда шуд. Дар робита ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки барои коркарди пурраи шираи то имрӯз ҷамъовардашудаи камол ва дар намуди маҳсулоти тайёр ба хориҷа фиристодани он тадбирҳо андешида, масъалаи хариди асбобу анҷом, таҷҳизоти зарурӣ ва технологияи ба роҳ мондани истеҳсоли дору аз шираи камол, инчунин васеъ кардани киштзори он дар минтақаҳои мамлакат бо мақсади парвариши камол тадбирҳо андешида, дар мӯҳлати се моҳ лоиҳаи қонунҳоро дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Кодексии ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноӣ ва қатъитар намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи таъини ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҷазои маъмурӣ барои ғайриқонунӣ ҷамъ овардани шираи камол таҳия карда ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.

Сентябрь 22, 2008 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид