ДАР ТОҶИКИСТОН МАҲДУДИЯТИ ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚ ҶОРӢ КАРДА ШУД
Душанбе, 2 октябр. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова).- Дар Тоҷикистон аз 1 сентябр сар карда, маҳдудияти таъминоти қувваи барқ ҷорӣ карда шуд. Аз ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки интиқоли қувваи барқ шабона аз соати 22-ю 30 дақиқа то соати 3-ю 30 дақиқа қатъ карда мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик» — ро дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудияти таъминоти қувваи барқ дар минтақаҳои мамлакат аз аввали соли нави таҳсил қонеъ гардонд. Сабаби ин иқдом хушксолӣ ва камобии имсола мебошад. Ба қавли мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик» айни ҳол сатҳи оби обанбори Норак нисбат ба солҳои гузашта 9,5 метр паст мебошад. Тибқи паймони бо Ӯзбекистон ва Туркманистон ба даст омада, Тоҷикистон фасли зимистон аз ин ҷумҳуриҳо 1,8 миллиард килловат — соат қувваи барқ мегирад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҳдудияти мазкур алҳол дар шаҳри Душанбе ҷорӣ карда намешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






