ДОНИШҶӮЁН БА ПАХТАКОРОН КӮМАК МЕРАСОНАНД
Хуҷанд, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Чанд рӯз пеш бештар аз 10 ҳазор нафар донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд ба пахтачинӣ сафарбар карда шуданд. Аз рӯи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят, ҳоло ҳар рӯз дар пахтазор қариб 60 ҳазор нафар кор мекунад. Аз ин ҷумла 19,7 ҳазор нафар ёрдамчиён мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вилояти Суғд танҳо рӯзи 23 сен-тябр ба марказҳои қабул 2423 тонна «тиллои сафед» супорида шуд. Ин ба 1,41 фоизи нақшаи солона баробар аст. Дар ин ҷо аз аввали мавсим 30,44 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Дар миқёси вилоят ноҳияҳои Конибодом ва Ашт пешсафанд. Сардори раё-сати кишоварзии вилоят Бобоҷон Домуллоев зикр намуд, ки тибқи нақша имсол бояд 172,1 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шавад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






