ДОНИШҶӮЁН БА ПАХТАКОРОН КӮМАК МЕРАСОНАНД
Хуҷанд, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Чанд рӯз пеш бештар аз 10 ҳазор нафар донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд ба пахтачинӣ сафарбар карда шуданд. Аз рӯи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят, ҳоло ҳар рӯз дар пахтазор қариб 60 ҳазор нафар кор мекунад. Аз ин ҷумла 19,7 ҳазор нафар ёрдамчиён мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вилояти Суғд танҳо рӯзи 23 сентябр ба марказҳои қабул 2423 тонна «тиллои сафед» супорида шуд. Ин ба 1,41 фоизи нақшаи солона баробар аст.Дар ин ҷо аз аввали мавсим 30,44 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Дар миқёси вилоят ноҳияҳои Конибодом ва Ашт пешсафанд. Сардори раёсати кишоварзии вилоят Бобоҷон Домуллоев зикр намуд, ки тибқи нақша имсол бояд 172,1 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






