ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО САФАР КАРД

Сентябрь 22, 2008 12:23

22 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард. Дар ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сай-дулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Интизор меравад, ки зимни сафари худ ба шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамчунин дар чорабинии сатҳи олии «Баррасии дастовардҳои Ҳадафҳои рушд, ки дар Эъломияи ҳазорсола омадаанд» ва ҷамъомади сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» ширкат меварзад. Чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҷамъомади сатҳи олии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳти ҳамраисии ӯ ҷараён хоҳанд гирифт, ки ин бозгӯ аз нақши намоё-ни Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалӣ ва пешниҳодоти қабулгаштаю татбиқшавандаи Сарвари давлатамон мебошад. Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон ва дигар ходимони сиёсию ҷамъиятии сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Сентябрь 22, 2008 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд