ЭМОМАЛИ РАҲМОН БА ОСИФ АЛИ ЗАРДОРИ БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИ ФИРИСТОНД

Сентябрь 22, 2008 10:08

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи ҳамдардӣ фиристонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Бо андўҳи бузург хабари таркиши мудҳишро дар назди меҳмонсарои «Марриот»-и Исломобод дарёфт намудам.Ин амали ғайриинсонӣ ва фоҷеабор, ки муҷиби ҳалокату ҷароҳат бардоштани садҳо нафарони бегуноҳ гаштааст, бори дигар зарурати муттаҳид намудани талошҳои мо ва дигар аъзои ҷомеаи ҷаҳониро зидди чунин аъмоли зишти террористон собит месозад. Аз ҷониби худ Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки дар чунин саъю кўшишҳо саҳми бештаре дошта бошад.Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон бирасонед.Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.  

Сентябрь 22, 2008 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд