ХОҶАГИҲОИ ЗАРАРОВАР
Душанбе, 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ду вилоят ва 23 ноҳия аз ҳосили миёнаи ғаллаи рӯёндашудаи ҷумҳурӣ аз 2 то 10 маротиба камтар ҳосил гирифтанд. Ба гурӯҳи ноҳияҳое, ки ҳосили ба даст овардаашон аз ҳосили миёнаи ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ куллан фарқ мекунад, ноҳияҳои Рӯшон (6,4 сен / га ) , Ванҷ 12,8 сен/ га , дар вилояти Мухтори Кӯҳиистони Бадахшон, Мастчоҳи кӯҳӣ ( 2,5 сент / га ) , Мастчоҳ (4 сен /га), Зафаробод 5,7 сен/ га ) , Ғончӣ (6,5 сен/ га ), Айнӣ (6,9 сен /га) дар вилояти Суғд,Фархор (9,8 сен/га) , Норак (9,4 сен /га ) аз вилояти Хатлон, Варзоб (6,8 сент /га ), Файзобод ( 12,2 сент /га) аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳосили ба даст овардаашон хароҷоти техника ва сӯзишвориро бароварда наметавонанд. Бо чунин андоза бардоштани ҳосил, танҳо бар зарари хоҷагиҳост.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






