ИШТИРОКИ АНСАМБЛИ «РОЗ» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Душанбе, 16 сентябр (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Чанде пеш дар шаҳри Вангени Олмон фестивали байналмилалии фолклор ва рақс баргузор шуд. Дар ин чорабинии бонуфузи фарҳангӣ ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли фалаки Консерваторияи миллии Тоҷикистон «Роз» иштирок намуд. — Дар фестивал гурӯҳҳои ҳунарии фолклорӣ аз Россия, Португалия, Марокко, Аргентина ширкат доштанд. Чӣ дар консертҳои алоҳида ва чӣ дар баромади расмии фестивал ҳайати ҳакамон ва меҳмонону тамошобинон ба ҳунарнамоии гурӯҳи «Роз» баҳои баланд доданд,- гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари ҳайати намояндагони Тоҷикистон, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, профессор Раҷабмад Амиров. Дар маҳфили ҷамъбастии фестивал аз номи бургомистри шаҳри Ванген ва директори фестивал, профессор Рудольф Зигерист ба ҳунармандони ансамбли «Роз» дипломҳо тақдим карда шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






