ИТТИҲОДИ «ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МУҲОҶИРАТ» ТАЪCИС ЁФТ
Қайроққум. 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Бо ташаббуси Созмони байналхалқии муҳоҷират дар шаҳри Қайроққум мулоқоти намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ташкили муҳоҷирати коргарони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар мулоқот дар бораи ташкили Иттиҳоди «Таъмини муҳоҷирати бехатар» созишнома имзо шуд. Иштирокчиёни мулоқот то имзои созишнома мустақилона амал карда, бо ҳамдигар равобити доимӣ надоштанд, бинобар ин бисёр проблемаҳои марбут ба муҳоҷирати коргарон ҳал карда намешуд. Акнун, мувофиқи созишнома, аъзои Иттиҳод маълумоти заруриро дастраси ҳамдигар гардонда, ба коргарони муҳоҷир ва қурбониёни хариду фурӯши одамон кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд. Онҳо инчунин қарор доданд, ки барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда конфронсу семинарҳо, машваратҳо ва мулоқотҳо баргузор сохта, ба ташкили гурӯҳҳои коргарони муҳоҷир, ба ватан баргардондани қурбониёни хариду фурӯши одамон, ба ҳалли проблемаҳои муҳоҷират ҷалб намудани мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҳукуматӣ ҳамкорӣ кунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






