КӮМАК БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ
Душанбе , 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов имрӯзбо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон- роҳбари барномаҳо дар соҳаи рушди пахтакорӣ Беҳзод Шамсиев ва ҳамоҳангсози барномаҳои кишоварзии бонк Бобоҷон Ятимов мулоқот кард. Намояндагони бонк ба вазири кишоварзӣ дар бораи ҷараёни иҷрои барномаи фавқулоддаи таъмини амнияти озуқа, аз ҷумла ворид сохтани тухмӣ ба Тоҷикистон маълумот доданд. Хабар дода мешавад, ки дар давоми моҳҳои октябру ноябри соли равон ба Тоҷикистон аз хориҷа 1200 тонна ғаллаи тухмӣ ворид сохта, дар 19 ноҳияи вилояти Хатлон ба оилаҳои камбағал тақсим карда мешавад. Намояндагони бонк аз роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ хоҳиш карданд, ки дар ҳалли масъалаҳои расмиёти ворид сохтани ғалла ба Тоҷикистон кӯмак расонад. Ғаллаи тухмӣ дар байни оилаҳое тақсим карда мешавад, ки дар натиҷаи бӯҳрони энергетикӣ ва ҳавои сарди зимистони қаҳратуни соли гузашта зарар дидаанд. Тибқи нақша ба 70 ҳазор оила дар вилояти Хатлон ғаллаи тухмӣ дода мешавад. Қ.Қосимов ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ барои кӯмакашон изҳори миннатдорӣ карда, ваъда дод, ки мутахассисони вазорат ба аҳолии маҳаллӣ дар бобати парвариши ғалла ба таври ройгон маслиҳату машварат хоҳанд дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






