КОРГОҲИ НАВИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ «ОБИ ЗУЛОЛ» БА КОР ШУРӮЪ КАРД
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). –Рӯзи таҷлили Иди истиқлолияти ҷумҳурӣ дар Ҷамъияти саҳомии «Оби зулол» — и шаҳри Истаравшан коргоҳи нави истеҳсоли оби мева ба фаъолият шурӯъ намуд. Директори генералии корхона Нуриддин Обидҷонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки яке аз сарпарастони Ҷамъияти саҳомӣ — ширкати «Бойбарс» барои коргоҳи нав дастгоҳҳои сохти ширкати «Тетрапак» — и Швейтсарияро харидорӣ намуд. Коргоҳи нав як рӯз пеш аз Иди истиқлолият аз санҷиш гузашт. Дар он дар як соат 6000 литр оби мева истеҳсол карда мешавад. Дар коргоҳи нави Ҷамъияти саҳомии «Оби зулол» навъҳои гуногуни оби зардолую шафтолу, гелос, себ, афлесун ва ғайра истеҳсол карда хоҳад шуд. Дар коргоҳ аз меваи хоҷагиҳои вилояти Суғд ҳамчун ашёи хом истифода бурда мешавад. Директори корхона зикр намуд, ки маҳсулоти он ояндаи наздик ба муассисаҳои савдои Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






