КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНИИ КӮЛОБ БА КОР ШУРӮЪ КАРД

Сентябрь 15, 2008 08:55

Кӯлоб, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов ). – Ҷамъияти cаҳомии «Пахтаи Кӯлоб» ба коркарди пахтаи имсола шурӯъ намуд. Директори он Лашкарӣ Мирзоев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали оғози ҷамъоварии пахта дар корхона бештар аз 1500 тонна пахта захира карда шуд. Ҳоло коргарони корхона дар ду навбат кор мекунанд. Маъмурияти корхона қабл аз оғози мавсими пахтачинӣ бо 40 хоҷагии пахтакори минтақаи Кӯлоб шартнома имзо кард. Корхона метавонад дар як шабонарӯз 140 тонна пахтаро тоза кунад. Вале айни ҳол нарасидани оби техникӣ ба пешрафти кор халал мерасонад. Тибқи нақша имсол дар корхона 10 ҳазор тонна пахта тоза карда хоҳад шуд.

Сентябрь 15, 2008 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст