КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВОДИИ РАШТ
Дар арафаи иди саиди фитр бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Фонди хайрияи Тоҷикистон барои расонидани кўмак ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, маъюбону шахсони бесаробон, оилаҳое, ки зиёда аз ду маъюб доранд ва ятимону табриятгирандагони мактаб-интернатҳои водии Рашт – ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара зиёда аз 430 тонна маводи хўрока, аз ҷумла 190 тонна орд, 80 тонна шакар, 45 тонна равған, 80 тонна биринҷ, 45 тонна макарон ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ фиристода шуд. Маҳсулоти зикргардида аз ҷониби гурўҳҳои кории Ҳукумати Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Фонди хайрияи Тоҷикистон ба 3300 оила тақсим карда мешавад. Инчунин аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 900 нафар ятимон ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияҳои зикршуда сару либос ва барои сад нафар эҳтиёҷмандон аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ карда, фиристода шуд. Ин иқдоми наҷибона ва башардўстонаи Ҷаноби Олӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва дар арафаи иди саиди Фитр намунаи олии инсондўстӣ мебошад ва умед аст, ки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва умуман ҳамаи онҳое, ки имкону тавони моддиву молиявӣ доранд, аз ин иқдоми нек дастгирӣ ва пайравӣ карда, соҳиби савоби зиёд мегарданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






