КУМИТАИ АНДОЗ БА МӮҲТОҶОН КӮМАК КАРД

Сентябрь 18, 2008 11:33

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи иди Рамазон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони камбизоати ноҳияи Нуробод ба маблағи 24,6 ҳазор сомонӣ озуқаворӣ, аз қабили орд, биринҷ, равған, шакар, инчунин либос ва лавозимоти дигари мактабӣ фиристод. Сардори шӯъбаи робита бо воситаҳои ахбори омма ва протоколи кумитаи мазкур Саидмурод Рабеъзода ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ Кумитаи андоз ба фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон 33 ҳазор сомонӣ, барои таъмири мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 164 ҳазор сомонӣ, барои дастгирии сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ашт ва Рашт 10 ҳазор сомонӣ ва ба НБО шаҳраки Роғун 74,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои муайян ҳамчун ёрии башардӯстона кӯмак намудааст. Ҳаҷми умумии ин маблағҳо ба 310 ҳазор сомонӣ мерасад.

Сентябрь 18, 2008 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид