МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИДМ

Сентябрь 23, 2008 10:01

Минск, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар шаҳри Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносони Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор мегардад. Дар он лоиҳаи қарор дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии давлатҳои Иттиҳод муҳокима карда мешавад. Низомнома мақоми қонунӣ, вазифа, асосҳои ташкилии фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозро муайян менамояд, ки мақоми байнидавлатӣ ба шумор меравад. Вазифаҳои он мувофиқ сохтани фаъолияти прокуратураҳои генералӣ, вусъат бахшидани ҳамкории прокуратураҳои мамлакатҳои ИДМ дар бобати ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза ба муқобили ҷиноят, таҳияи пешниҳодҳо ва муҳокимаи онҳо дар масъалаи ба ҳамдигар наздик сохтани қонунҳо ва бунёди заминаи қонунии ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар ин масъала мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералӣ, Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ, Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси мамлакатҳои ИДМ¸ Шӯрои фармондеҳони воҳидҳои марзбон ва бюрои ҳамоҳангсози мубориза ба муқобили ҷинояти муташаккилонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат меварзанд.

Сентябрь 23, 2008 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид