МАҶЛИСИ КУМИТАИ КОТИБОНИ ШӮРОҲОИ АМНИЯТИ СААД АНҶОМ ЁФТ
Ереван, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар Ереван маҷлиси Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ анҷом ёфт. Мувофиқи қоидаи қабулшуда ваколатҳои раиси кумита дар давраи навбатӣ ба зиммаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Арманистон А.Богдасрян гузошта шуд. Иштирокчиёни маҷлис вазъи ҳарбию сиёсии қаламрави СААД ва минтақаҳои атрофи он ва тадбирҳои бартараф сохтани таҳдидҳо ва зуҳуроти замони ҳозираро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин ҷараёни иҷрои қарорҳои маҷлисҳои соли 2006 дар Минск ва соли 2007 дар Душанбе баргузоргардидаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Котиби Шӯрои амнияти Русия Н.Патрушев ба иштирокчиёни маҷлис дар бораи вазъияти минтақаи Қафқоз ва ҳуҷуми Гурҷистон ба Иристони Ҷанубӣ маълумоти муфассал дод. Котибони Шӯроҳои амният ин масъаларо ҳамаҷониба муҳокима карданд. Баъдан лоиҳаи созишнома дар бораи тайёр кардани кадрҳо барои мақомоти муҳофизи қонун, сӯхторхомӯшкунӣ, наҷотбахш ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои СААД, лоиҳаи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти фаъолияти зидди маводи нашъадор, лоиҳаи барномаи тадбирҳои муштараки ташкили системаи амнияти иттилоотӣ ва лоиҳаи нақшаи амалиёти муштараки давлатҳои аъзои СААД барои амалӣ сохтани барномаи глобалии стратегии зиддитеррористии СММ баррасӣ карда шуданд. Дар маҷлис аз Тоҷикистон котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов иштирок дошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






