МАҶЛИСИ КУМИТАИ НАЗОРАТИ ИҶРОИ БАРНОМАИ «РУШДИ ТИҶОРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН»

Сентябрь 4, 2008 17:18

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Пагоҳ, 5 сентябр дар шаҳри Душанбе маҷлиси нахустини Кумитаи назорати иҷрои барномаи «Рушди тиҷорат дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар он намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, Агентии давлатии «Тоҷикстандарт», Агентии ҳамкории байналхалқии Швейтсария, Маркази байналмилалии тиҷорат ва тоҷирону соҳибкорон ширкат меварзанд. Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои барнома, мушкилот ва монеаҳои соҳаи коркарди меваю сабзавот, содирот, дастовардҳои соҳа ва роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти он муҳокима карда мешаванд. Тибқи нақша, дар маҷлис муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Л. Кислякова, мушовири минтақавии Маркази байналмилалии тиҷорат А. Заргарян, намояндаи Котиботи давлатии Шветсария дар масъалаҳои иқтисодӣ А. де Чембриер ва менеҷери барномаи «Рушди тиҷорат дар Тоҷикистон» С. Камолов маърӯза хоҳанд кард.

Сентябрь 4, 2008 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд