МАҶЛИСИ ШӮРОИ ФАРМОНДЕҲОНИ ҶУЗЪУ ТОМҲОИ МАРЗБОНИ ИДМ

Сентябрь 18, 2008 17:00

 Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»,Мавҷуда Давлатзода).- 19 сентябр дар Боку маҷлиси Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбони ИДМ баргузор мегардад. Дар он бештар аз 20 масъала муҳокима карда мешавад. Иштирокчиёни маҷлис роҷеъ ба вазъияти сарҳади давлатҳои ИДМ ва проблемаҳои асосии ҳамкории мақомоти марзбони Иттиҳод табодули назар намуда, натиҷаҳои амалиёти махсуси муштарак ва тадбирҳои пешгирикунандаи соли 2008 гузаронидашударо ҷамъбаст намуда, лоиҳаи баъзе ҳуҷҷатҳои ҳамкориро баррасӣ менамоянд. Онҳо пешниҳодро дар бораи андешидани маҷмӯи тадбирҳои иловагӣ дар масъалаи назорати сарҳад барои ошкор намудани роҳҳои хориҷу ворид сохтани одамон бо мақсади хариду фурӯши онҳо, ба мақсад мувофиқ будани ташкили ҷузъу томҳои зудамали эҳтиётии мақомоти марзбонро барои ба роҳ мондани муборизаи самарабахш ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ва ғайраро баррасӣ менамояд.

Сентябрь 18, 2008 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад