МАҶЛИСИ ШӮРОИ СОЗМОНИ МИНТАҚАВИИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ СҲШ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Фарангис Раҳимов). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҷлиси 13 – уми Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он намояндагони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои тақвияти ҳамкориро дар мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ баррасӣ намуданд. Дар маҷлис қарорҳое қабул шуданд, ки ҳадафи онҳо вусъат додани ҳамкорӣ дар доираи созмон, муқаррар намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ ва такмили низоми мубодилаи маълумот мебошад. Иштирокчиёни маҷлис ба рафти иҷрои барномаи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ диққати махсус доданд. Дар он натиҷаҳои амалӣ сохтани тадбирҳои таъмини амнияти бозиҳои олимпӣ дар Пекин машқи муштараки низомии зиддитеррористии «Волгоград – антитеррор -2008» ҷамъбаст карда шуданд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мӯҳлати як сол раиси Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ интихоб шуд. Маҷлиси ояндаи Шӯрои мазкур моҳи марти соли оянда дар Тошканд баргузор мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






