МАҶЛИСИ ВАЗИРОНИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ МАМЛАКАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар Пекин маҷлиси ҳафтуми вазирони иқтисод ва савдои мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода иштирок намуд. Аз сафорати Тоҷикистон дар Пекин ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки иштирокчиёни маҷлис роҷеъ ба амалӣ сохтани паймонҳои бадастомада дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод табодули назар карда, нақшаи тайёрӣ ба мулоқоти сарвазирони мамлакатҳои аъзои созмонро баррасӣ намуданд, ки охири моҳи октябр дар шаҳри Остона баргузор мегардад. Дар маҷлис Нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани нуктаҳои асосии ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии мамлакатҳои СҲШ муҳокима ва тасдиқ карда шуд. Иштирокчиёни маҷлис дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, баҳрабардорӣ аз технологияи замонавӣ, кишоварзӣ, энергетика ва пурзӯр намудани нақши Шӯрои тиҷоратӣ ва Иттиҳоди бонкҳо дар амалӣ сохтани нақшаҳои ҳамкорӣ қарор қабул кардаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






