МАКТАБҲОИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ БА ЗИМИСТОН ТАЙЁРАНД

Сентябрь 11, 2008 10:33

 Восеъ, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Муовини мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Бахтиёр Одинаев, ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки тайёрии мактабҳои ноҳия ба фасли зимистон давом дорад. То имрӯз барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мактабҳо 74,6 тонна ангишт, 371 метри мукааб ҳезум ва навъҳои дигари сӯзишворӣ захира карда шуданд. Ба қавли Б.Одинаев сӯзишвории мазкур барои зимистонгузаронии мактабҳо кифоя мебошад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар мактабҳои ноҳия 33 омӯзгорони фанҳои дақиқ ва 308 нафар омӯзгорони фанҳои дигар намерасад. Айни ҳол ба ҷои онҳо омӯзгорони нафақахӯр ба кор ҷалб карда шудаанд. Б.Одинаев афзуд, ки дар арафаи соли таҳсил дар ноҳия 5 мактаби нав барои 514 талаба ба истифода дода шуд.

Сентябрь 11, 2008 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид