МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ БА ПОЯИ ҲАЙКАЛИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Сентябрь 18, 2008 11:12

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Роҳбарони ҳайатҳои зиёини илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ субҳи имрӯз дар майдони марказии пойтахт – майдони Исмоили Сомонӣ ба нишони эҳтироми мероси фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик ба пояи ҳайкали асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ ва бунёдгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гулчамбарҳо гузоштанд. Баъд иштирокчиёни мулоқот ба қароргоҳи берунишаҳрии «Пуғус» рафтанд, ки маросими оғози мулоқоти сеюми зиёиёни илмию эҷодкори давлатҳои ИДМ дар он ҷо баргузор мегардад. Дар ин малоқот ҳайатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина иштирок мекунанд. Мулоқот таҳти шиори «Ғановат ва пешрафти халқҳои ИДМ бо роҳи гуфтушуниди фарҳангҳо ва сабру таҳаммул» баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои илму маориф, дастгирии насли ҷавони мамлакатҳои Иттиҳод, қадрдонии мероси фарҳангӣ, санъати тасвирӣ, меъморӣ ва ороиш баррасӣ мешаванд. Баъди ифтитоҳи мулоқот маҳфилҳои алоҳидаи он дар соҳаҳои илму маориф, дастгирии насли ҷавони мамлакатҳои ИДМ, мероси фарҳангӣ, адабиёт, нашри китоб, театру кино, мусиқӣ, санъати сирк, санъати тасвирӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ давом хоҳанд кард.

Сентябрь 18, 2008 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд