МАШҚИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Аз 4 то 6 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросон машқи мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти мудофиаи граждании ноҳия ҳангоми вазъияти фавқулодда» баргузор гардид. Дар он намояндагони шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани машқи мудофиаи гражданӣ роҳҳои амалӣ сохтани нақшаи мудофиаи гражданӣ, таёрии ҳайати роҳбарии хадамоти тиббии мудофиаи граждании ноҳия дар замони осоишта ва дар мавриди рух додани вазъияти фавқулодда нишон дода шуд. Ғайр аз ин бо кормандони беморхонаи ноҳия бо мақсади беҳтар сохтани маҳорату малакаи онҳо дар ҳолати ҷанг ва замони осоишта машғулиятҳо гузаронида шуданд. Дар фарҷоми машқ ба шӯъбаи тандурустии ноҳия Хуросон аз номи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорнома супорида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






