МАТБУОТИ КАНАДА ДАР БОРАИ ОҲАНГСОЗИ ТОҶИК НАҚЛ МЕКУНАД
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Маҷаллаи «Ҳаёти мусиқӣ» — и Канада дар бораи оҳангсози тоҷик Фарангис Нуруллохоҷа мақола чоп карда, хабар додааст, ки ӯ дар соли 2008 сазовори ҷоизаи байналхалқӣ гардид. Аз фонди ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҷоизаи мазкурро раёсати санъати Канада таъсис додааст ва он ҳар сол ба оҳангсозони ҷавон барои комёбиҳои бадастовардаашон дода мешавад. Оҳангсоз Фарангис Нуруллохоҷа соли равон барои филми мустанад дар бораи Афғонистон мусиқӣ эҷод карда, дар чандин ҷашнвораҳо ва озмунҳо ширкат варзид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Фарангис набераи оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ буда, Донишкадаи санъати шаҳри Гётеборги Олмонро хатм карда, баъдан дар шаҳрҳои Париж ва Сан — Диего таҷриба омӯхтааст. Ҳоло ӯ дар шаҳри Монреал зиндагӣ карда, ба донишҷӯён аз фанни мусиқӣ дарс медиҳад. Фарангис Нуруллохоҷа то охири соли равон дар шаҳрҳои Гренобл ва Копенгаген ҳунарнамоӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






