МЕҲМОНОН АЗ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАНОАТМАНДАНД
Маскав, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Дар мулоқоти зиёиёни илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ дар Тоҷикистон арбобони машҳури илму фарҳанги Русия, аз ҷумла, Елена Драпеко, Пӯлод Булбулӯғлӣ, Сергей Капитса, Ёсин Засурский ва бисёр дигарон ширкат варзиданд. Тавре ба тамошобинон маълум аст, ҳунарпеша Елена Драпеко дар филми «Субҳи ин ҷо сокит аст» яке аз нақшҳои асосиро бозидааст. Вай айни ҳол муовини аввали раиси кумитаи фарҳанги Думаи давлатии Федератсияи Русия мебошад. Е.Драпеко зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки ҳаводорони санъати кино қаҳрамонони филми зикршударо то ҳол фаромӯш накардаанд. Баъзе сокинони шаҳри Душанбе моро дар кӯчаҳо шинохта, ҳатто хоҳиш карданд, ки ҳамроҳ сурат гирем, гуфт вай. Ин чунин маъно дорад, ки анъанаҳои неки замони шӯравӣ то ҳол аз байн нарафтаанд ва мо бояд онҳоро гиромӣ дорем. Иштирокчии дигари мулоқот декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов Ёсин Засурский зимни сӯҳбат изҳор намуд, ки сокинони Душанбе бо ӯ ҳам дар кӯча, ҳам дар меҳмонхона ва ҳам дар ҷараёни мулоқот бо забони русӣ сӯҳбат мекарданд. Ин шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ диққати калон дода мешавад. Меҳмон нақши калони Президенти Тоҷикистонро дар омӯзиш ва ташвиқу тарғиби забони русӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд. Меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карданд, ки тамоми ҷараёни мулоқот бе тарҷумон зимни муносибатҳои самимона ва гарму ҷӯшони меҳмоннавозон баргузор гардид.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






