МУҲОКИМАИ МАҶМӮИ ТАДБИРҲОИ МУШТАРАКИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚА

Сентябрь 13, 2008 13:20

           Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). — 16 сентябр дар Минск маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар маҷлис лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баррасӣ карда мешавад, ки 14 ноябр дар Кишинёв баргузор мегардад. Айни ҳол ба рӯзнома 34 масъала дохил карда шудааст.           Сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои ИДМ дар Кишинёв маҷмӯи тадбирҳои муштараки таъмини амнияти озуқа, самтҳои асосии вусъат додани хизматрасонии байналхалқии нақлиёти автомобил, беҳтар сохтани фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавӣ, лоиҳаи қарордоду созишномаҳоро дар бораи принсипҳои асосии сиёсати танзиму назорати доду гирифти пул, ҳамкорӣ дар масъалаи системаҳои иттилоотии давлатии шиноснома ва раводид, ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши доруҳои калбакӣ, лоиҳаи муоҳидаро дар бораи мақоми қонунии коргарони муҳоҷир, аъзои оилаҳои онҳо муҳокима карда, ҳисоботро дар бораи ҷараёни тасвиб ва амалӣ сохтани ҳуҷҷатҳои дар доираи ИДМ қабулгардида ва масъалаҳои дигарро баррасӣ менамоянд. Тарҷумон — Қудратов А.  

Сентябрь 13, 2008 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид