МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ КАМ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ

Сентябрь 18, 2008 17:02

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 17 сентябр маҷлиси Шӯрои байнисоҳавии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ бахшида ба масъалаҳои амалӣ сохтани Барномаи стратегии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар давоми солҳои 2007 – 2009 баргузор гардид. Барномаи мазкур ҳуҷҷати миёнамӯҳлати иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Он маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро дар бобати амалӣ сохтани ислоҳоти соҳавии иқтисодӣ дар бар мегирад, ки ба пешрафти босуръати иқтисодӣ, зиёд кардани ҳаҷми хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳтар сохтани сифати онҳо мусоидат менамоянд. Ҳадафи ин тадбирҳо коҳиш додани сатҳи кабизоатӣ дар мамлакат ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум мебошад. Дар маҷлис аъзои гурӯҳи кории вазорати тандурустӣ ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ширкат варзиданд. Муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова созмонҳои байналхалқиро даъват намуд, ки дар давоми солҳои 2008 – 2009 барои амалӣ сохтани барномаи мазкур кӯмаки молиявӣ расонанд.

Сентябрь 18, 2008 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад