МУҲОКИМАИ НАҚШАҲОИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН

Сентябрь 18, 2008 14:31

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар» Фарангис Раҳимова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафараш ба Париж дирӯз бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Муридов мулоқот кард. Онҳо масъалаҳои марбут ба вазъияти минтақа, зарурати ҳамоҳанг сохтани тадбирҳои ҳар ду ҷонибро дар масъалаҳои минтақавию байналхалқӣ ва проблемаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳашонро муҳокима карданд. Аз ҷумла лоиҳаи қатъномаи «Амнияти транзитии сӯзишворӣ, қувваи барқ ва нақши он дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҳамкории байналхалқӣ» баррасӣ карда шуд, ки онро Ҳукумати Туркманистон таҳия намудааст. Р.Муридов изҳор намуд, ки қабули қатънома ба низоми равобити байналхалқии тиҷоратию иқтисодӣ таъсири мусбат расонида, ба ҳамкории мамлакатҳо ва минтақаҳо мусоидат мекунад.

Сентябрь 18, 2008 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст