МУҲОКИМАИ НАҚШАИ БУНЁДИ СИСТЕМАИ БАҲИСОБГИРИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

Сентябрь 4, 2008 10:49

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова).- Гурӯҳи кории Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои фармондеҳони артиши марзбони ИДМ 4-5 сентябр дар Маскав лоиҳаи нақшаи тадбирҳои муштаракро дар бобати ташкили системаи ягонаи баҳисобгирии шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шахсони бетабаияти ба қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ дохилу хориҷшаванда мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Системаи мазкур як навъ маркази махсуси автоматикунонидашудаи байнидавлатӣ мебошад, ки ба ҷамъоварии маълумот ва таҳдиди он дар бораи шахсони хориҷии ба қаламрави мамлакатҳои ИДМ дохилшаванда маълумоти муфассал медиҳад. Системаи мазкур даромаду баромади шаҳрвандони хориҷиро ба мамлакатҳои иттиҳод, мӯҳлати буду боши онҳо ва таърихи баромадани онҳоро ба қайд мегирад ва дар заминаи системаҳои мавҷудаи миллии иттилоотию баҳисобгирии мамлакатҳои ИДМ таъсис дода мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси гурӯҳи корӣ намояндагони Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Шӯрои фармондеҳони артиши марзбони ИДМ иштирок менамоянд.

Сентябрь 4, 2008 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид