МУҲОКИМАИ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТИ ДУШАНБЕ ДАР ИРКУТСК
Душанбе, 11 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Иркутск маҷлиси Шӯрои тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Душанбе муҳокима карда шуданд, ки 28 август баргузор гардида буд. Маҷлиси Шӯрои мазкур дар доираи мулоқоти иқтисодии навбатӣ бахшида ба проблемаҳои кӯли Байкал баргузор гардид. Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои ҳифзи саломатии СҲШ – ро дар мамлакатҳои аъзои созмон, барномаҳои муштараки энергетикӣ, ҳамкориро дар соҳаи кишоварзию саноатӣ, таҷрибаи ташкили мактабҳои олии шабакавӣ ва ташаббусҳои байнидавлатиро дар бобати рушди соҳаи суғурта ва ғайра муҳокима карданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси мазкур аз Тоҷикистон раиси Палатаи савдо ва саноати мамлакат Шариф Саид иштирок намуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






