МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ВОБАСТА БА МАВОДИ НАШЪАДОР АЗ АФҒОНИСТОН ДАР СААД
Маскав, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 15 сентябр дар шаҳри Маскав маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар маҷлис зикр шуд, ки проблемаҳои вобаста ба қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба қаламрави мамлакатҳои аъзои СААД торафт тезу тунд мегардад. Роҳҳои интиқоли маводи нашъадор мунтазам таъғир дода мешаванд, қочоқчиён ба қаламрави мамлакати аъзои созмон торафт бештар ворид мегарданд. Дар чунин шароит мамлакатҳои аъзои созмон бояд ҷидду ҷаҳди худро дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон бештар муттаҳид созанд. Дар маҷлис баъзе масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили маводи нашъадор дар СААД муҳокима карда шуд. Директори хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия Виктор Иванов раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти дахлдори мамлакатҳои аъзои созмон интихоб шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки айни ҳол ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СААД мебошанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






