МУЛОҚОТҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НЮ – ЙОРК

Сентябрь 22, 2008 16:27

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз барои иштирок дар иҷлосияи 63-ми Маҷмаи кулли СММ ба Ню – Йорк рафт, зимни сафар бо роҳбарони созмонҳои мӯътабари байналхалқӣ силсилаи мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Аз ҷумла, Сардори давлати Тоҷикистон 24 сентябр бо ҳамоҳангсози машварати бахшида ба масъалаҳои «Об ва санитария барои ҳамагон» Ризохон мулоқот хоҳад кард. Дар ин машварат роҳбарон ва намояндагони воломақоми мамлакатҳо ширкат меварзанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамон рӯз бо Муншии умумии СММ Пан Ги Мун ва раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик мулоқот мекунад. Сарвари давлати Тоҷикистон 25 сентябр дар маросими ифтитоҳи машварати байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ширкат варзида, баъдан дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 63 –юми Маҷмаи кулли СММ нутқ хоҳад кард. Баъди анҷоми суханронӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Финляндия Таря Халонен ба нақша гирифта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон баъди чошти 25 сентябр дар машварати бахшида ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар мавзӯи «Суботи экологӣ» иштирок менамояд. Вай 26 сентябр бо гурӯҳи тоҷирону соҳибкорон мулоқот мекунад, ки онро Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико ташкил хоҳад кард. Тибқи нақша, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан дар Ню – Йорк бо тоҷикони сокини ИМА, сарвазири Куриёи Ҷанубӣ ва намояндагони тоҷирону соҳибкорони ИМА мулоқот анҷом медиҳад.

Сентябрь 22, 2008 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид