МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ҲАМВАТАНОНИ МУҚИМИ АМРИКО

Сентябрь 27, 2008 09:10

 Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамватанони муқими Амрико                 Бо истифода аз фурсати мусоид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҳамзабонону ҳамватанони муқими Амрико, мулоқот намуд.                Бояд таъкид намуд, ки мулоқоту сўҳбатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба як анъанаи накў ва ҳамешагии сафарҳои хориҷии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст ва ин вохўрӣ  бори дигар пайравии устувори ўро ба ин кори самарабахш собит намуд.               Дар вохўрӣ наздики сесад нафар ҳамватанони мо, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, иштирок доштанд. Шумораи зиёди онҳоро донишҷўён ташкил доданд, ки ба ин кишвар баҳри гирифтани таҳсилоти олӣ аз рўйи касбу ҳунарҳои муосири барои рушди имрўзу фардои Тоҷикистон зарурӣ омадаанд.          Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо нақшаю барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди иҷтимоиёту  иқтисодиёти кишвар, фарҳанг, илму маърифат ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шинос намуда, барояшон маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла донишандўзиро рисолати имрўзаи  донишҷўён арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки ба омўзиши амиқи илмҳои замона муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.             Ин мулоқот ва сўҳбатҳои озоду ошкоро бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору сарфарозии донишҷўён гашт ва онҳо қавл доданд, ки баҳри омўзиш ва азбаркунии илмҳои замона ҷаҳду талош мекунанд.           Бегоҳии рўзи 26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори моҳи шарифи Рамазон барои сарони ҳайатҳои расмии давлатҳо ва созмонҳои дар ҳамоишҳои СММ иштирокунанда зиёфати расмии Ифтор орост, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ва намояндагони воломақоми дигар кишварҳои мусулмонӣ иштирок намуданд.              Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Ню Йорки ИМА иттилоъ дод.

Сентябрь 27, 2008 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид