МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ БО НАМОЯНДАИ СММ

Сентябрь 12, 2008 16:34

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов имрӯз бо ҳамоҳангсози Муассисаи зироат ва озуқвории СММ Сукаса Кимото мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои амалӣ сохтани барномаҳои муштарак дар мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон, бо тухмӣ таъмин кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳифзи наботот ва ҳайвонот, беҳтар сохтани фаъолияти соҳаҳои ёрирасони кишоварзӣ ва ғайра муҳокима шуданд. Вазир ба Муассисаи зироат ва озуқавории СММ барои кӯмаку дастгирии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили малах изҳори сипос намуд. С.Кимото зикр кард, ки Муассисаи зироат ва озуқавории СММ айни ҳол дар 75 мамлакат фаъолият дорад. Тоҷикистон дар байни ин мамлакатҳо аз ҷиҳати истифодаи маблағҳои муассисаи мазкур ҷои сиюмро ишғол мекунад. Тавре хабар дода шуда буд, Бонки ҷаҳонӣ чанде пеш ба Тоҷикистон барои хариди гандуми тухмӣ 5 миллион доллар кӯмак расонд. С.Кимото ба вазорати кишоварзӣ барои иштироки фаъолона дар ворид сохтани ғалла ба Тоҷикистон миннатдорӣ баён кард. Вазири кишоварзии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо мақсади сари вақт ва якҷоя ҳал кардани проблемаҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон намояндагии доимии Муассисаи зироат ва озуқавории СММ кушода шавад. Вазорат барои ин ният дорад, ки таклифҳояшро ба вазорати корҳои хориҷӣ ва Ҳукумати мамлакат пешниҳод кунад.

Сентябрь 12, 2008 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад