МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОНУ ЮНОН

Сентябрь 18, 2008 14:42

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 17 сентябр дар Париж бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Юнон Дора Бакояни мулоқот кард. Мусоҳибон изҳор намуданд, ки равобити деринаи таърихии ҳар ду давлат барои густариш додани ҳамкории дуҷонибаи доманадор шароити мусоид муҳайё месозад. Дар робита зарурати бунёди заминаи қонунии ҳамкорӣ таъкид карда шуд. Вазирон зикр намуданд, ки дар бораи ҳамкории тиҷоратию ва техникию иқтисодии ҳар ду кишвар меморандум имзо кардан зарур аст. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистону Юнон дар соҳаи истифодаи манбаъҳои ғайримуқаррарии қувваи барқ ва гармӣ ҳамкорӣ карда метавонанд. Вазири корҳои хориҷии Юнон изҳори умед кард, ки соли 2009 дар мавриди муҳайё гардидани имконият ҳамчун раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Сентябрь 18, 2008 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад