МУЛОКОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО ТАИР МАНСУРОВ

Сентябрь 18, 2008 17:24

           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ  Котиби генералии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Таир Мансуровро ба ҳузур пазируфт.           Зимни сўҳбат Таир Мансуров ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки айни ҳол Раиси Шўрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия мебошад, оид ба рафти иҷрои санадҳои ҳамкории дар чаҳорчўби ин созмони бонуфузи иқтисодӣ имзошуда ва омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои он гузориш дод.         Таъкид гардид, ки саммити гузаштаи Ҷомеаи иқтисодии Евразия, ки моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, баҳри рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши намоён гузошт ва изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ баҳри баланд бардоштани обурўю нуфузи ин созмон корҳои муфид ба сомон мерасанд.           Хотиррасон мекунем, ки мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия моҳи октябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор мегардад.

Сентябрь 18, 2008 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар