МУРОҶИАТНОМАИ ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 2, 2008 16:14

           Имсол дар Осиёи Марказӣ дар натиҷаи кам шудани боришот захираи солонаи об 15-20 фоиз кам гардид. Дарёҳои Тоҷикистон низ камоб шуданд. Дар натиҷа обанбори Норак, ки иншооти асосии гидроэнергетикии кишвар мебошад, сари вақт пур нашуд. Ҳоло сатҳи об дар обанбор нӯҳу ним метр паст шудааст ва илова бар ин рӯз то рӯз маҷрои об кам шуда истодааст.          Ширкати «Барқи Тоҷик» бо назардошти вазъияти ба амаломада ва бо мақсади танзими фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи обӣ, пешгирӣ кардани норасоии барқ ва дар фасли зимистон панҷ соат зиёд намудани меъёри интиқоли он бо розигии Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 сентябр, яъне аз ҳамин шаб сар карда, дар тамоми қаламрави мамлакат, ба истиснои пойтахт, марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои саноатӣ ва маркази ноҳияҳо аз соати 22-ю 30 дақиқаи шаб то соати 03-ю 30 дақиқаи субҳ барқро хомӯш мекунад.         Рӯзона дар баъзе мавридҳо хомӯш шудани барқ ба ин маҳдудият дахл надорад ва сабаби корҳои тайёрӣ ба зимистон ё таъмири таҷҳизоти энергетикӣ мебошад.          Бояд қайд кард, ки энергетикҳои тоҷик аз охири моҳи май то ин давра тавонистанд, ки қарзи барқи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба кадри 900 миллион киловат-соат баргардонанд ва ин имконият фароҳам меорад, ки мо аз ин кишвари ҳамсоя мутобиқи шартномаи байниҳукуматӣ барқ гирем. Шартнома бо Ҷумҳурии Туркманистон низ ба имзо расид. Ҳамин тариқ, мутобиқи шартномаҳо мо имкон дорем аз Ӯзбекистон ва Туркманистон то 1,8 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ гирем.         Сабаби аз аввали моҳи сентябр маҳдуд намудани интиқоли барқ ҳамин аст, ки ҳар сантиметр оби имрӯз сарфашуда дар давраи зимистон мушкилоти мардум ва иқтисодиёти моро нисбатан осон намояд.         Маҳдуд намудани таъминити қувваи барқ ва аз рӯӣ лимит интиқол додани нерӯи барқ чораи муваққатист. Мо итминони комил дорем, ки солҳои наздик, баъди сохтмони иншоотҳои энергетикӣ, ки кор дар онҳо босуръат идома доранд, дар кишвари мо аз рӯи лимит додани барқ фаромӯш хоҳад шуд.        Айни замон мо барои то ҳадди имкони қонеъ кардани талабот ба барқ аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем. Аз шумо, ҳамдиёрони мӯҳтарам, хоҳиш мекунем, вазъиятро амиқ дарк намуда, моро дастгирӣ намоед ва кӯмаки худро дар бобати муносибати дилсӯзона ба таҷҳизоти барқӣ ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, ки барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои барқӣ ва ноил шудан ба истиқлолияти энергетикист, дареғ намедоред.                                                                                                   Мавзуна Бойева

Сентябрь 2, 2008 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад