МУСОБИҚА БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОМИ РАИСИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Қувваозмоии хотимавии мусобиқаи дастаҳои футболи мамлакатҳои Осиё барои ба даст овардани Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё пагоҳ 21 сентябр дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек баргузор мегардад. Пагоҳ дар доираи мусобиқаи мазкур дастаи футболбозони «Регар — Тадаз» — и Тоҷикистон ба соҳибони майдон — дастаи «Дурдой — Динамо» қувваозмоӣ мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мусобиқаи мазкур қувваозмоии хотимавии соли 2005 — ро ба хотир меорад. Ҳамон сол дастаи футболбозони «Регар — Тадаз» дар пойтахти Непал –шаҳри Катманду дастаи «Дурдой- Динамо» — ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда буд .








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






