МУСОБИҚАИ ФУТБОЛБОЗОН БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОМИ РАИСИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ
Душанбе, 17 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқаи дастаҳои футболи Тоҷикистон, Қирғизистон, Непал ва Туркманистон барои ба даст овардани ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё 19 сентябр дар Бишкек оғоз меёбанд. Дар ин қувваозмоӣ аз Тоҷикистон дастаи футболи «Регар — Тадаз» — и Турсунзода иштирок менамояд. Футболбозони тоҷик дар оғози мусобиқа бо қаҳрамони футболи Туркманистон — дастаи «Ашқобод» қувваозмоӣ мекунанд. Дастаи футболи «Дурдой — Динамо» — и Қирғизистон бо дастаи футболи «Полис Клаб» — и Непал қувваозмоӣ хоҳад кард. Қуваозмоии хотимавии мусобиқа 21 сентябр баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки футболбозони тоҷик дар қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқаи мазкур ду маротиба иштирок намуданд. Дастаи «Регар — Тадаз» соли 2005 сазовори ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё гардида буд. Соли 2006 дастаи футболи «Вахш» ба қувваозмоии хотимавии мусобиқа баромада, вале онро ба дастаи «Дурдой — Динамо» бохт.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






