МУСОБИҚОТИ ҚАҲРАМОНИИ ТАЭКВОНДОЧИЁН ДАР ТОШКАНД
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 17 сентябр дар шаҳри Тошканд мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар намуди варзиши таэквондо оғоз ёфт. Мусобиқа таҳти сарпарастии Ассосиатсияи таэквондои Осиё гузаронида мешавад. Дар он варзишгарони 50 мамлакат иштирок доранд. Мухбири АМИТ «Ховар хабар медиҳад, ки шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгарон Парвиз Муродзода, Парвиз Маҳмудов, Улуғбек Аҳмадов, Некрӯз Алибеков, Ҷаҳонгир Мирзоев, Зиёбек Орифҷон, Иззат Фузайлов, Абӯбакри Бозор, Мурод Кишоев, Нигора Ҳамидова, Елена Мухторова, Зӯҳро ва Фотима Холоваҳо, Маҳинахон Нарзуллозода, Сабина Тағойназарова ва Надима Раҳимзода ҳимоя мекунанд. Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин доварон Муҳаммадҷон Тоҷибоев, Эркинҷон Латифов ва тренерҳо Фурқат Урунов, Далер Тӯраев ва Далер Сайфиддинов шомиланд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






