Н. ДАВЛАТОВА : «ДАЪВОҲО БА УНВОНИ «ТОҶИК ЭЙР» АСОС НАДОРАНД»
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). – Котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳамаи даъвоҳои нисбати ширкати мазкур вобаста ба фиристодани зоирин ба ҳаҷи асғар ягон асос надоранд. Ба қавли ӯ, ширкати «Тоҷик Эйр» танҳо қисмати ташкилии парвози зоиринро ба зиммаи худ гирифта буд. Масъалаҳои дигари ба ҷойҳои муқаддаси ислом фиристодани зоиринро ширкати туристии «Евротур» ба зимма гирифтааст. Тавре ки маълум шуд, мусофирони ҳавопаймо раводиди транзитӣ надоштанд. Бинобар ин вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳавопаймои онҳоро қабул накардааст, гуфт вай. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қариб сад нафар зоирин аз шаҳри Хуҷанд ба Эрон парвоз карда наметавонанд. Дар ин бора дар хабари барои матбуот дарҷнамудани Терминали якуми Ҷамъияти саҳомии «Нурафшон» — и майдонии ҳавоии байналхалқии Хуҷанд хабар дода мешавад, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид. Мусофирони ҳавопаймои Душанбе – Хуҷанд — Машҳад ду шабонарӯз боз дар Хуҷанд интизори ҳавопаймо нишастаанд. Имрӯз аз Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки масъалаи ба Машҳад бурдани зоирин ҳал карда мешавад. Барои бурдани мусофирон аз Душанбе ҳавопаймои «Боинг» фиристода хоҳад шуд. Зоирин бояд дар давоми чанд соати оянда парвоз кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






