НАМОИШГОҲИ ТИББӢ ДАР ДУШАНБЕ

Сентябрь 26, 2008 10:16

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 7 то 9 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи махсуси байналхалқии тиббӣ баргузор мегардад. Яке аз ҳадафҳои намоишгоҳ ба роҳ мондани ҳамкории тиббӣ дар соҳа мебошад. Иштирокчиёни намоишгоҳ дар бораи дастовардҳои нави илмӣ, талаботу пешниҳодоти соҳа дар минтақа маълумоти тоза гирифта, молу хизматҳои худро ба тамошобинон пешкаш намуда, қарордоду созишномаҳои ҳамкорӣ имзо менамоянд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар намоишгоҳ намояндагони соҳаи тибби Афғонистон низ ширкат меварзанд. Корхонаҳо ва муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дар намоишгоҳ асбобу анҷом ва таҷҳизоти тиббӣ, лавозимоти озмоишгоҳ, технологияи навтарини тиббӣ, асбобу анҷоми ташхиси беморӣ, дору ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд. Намоишгоҳи мазкур як навъ воситаи иваз кардани таҷрибаи пешқадам мебошад. Дар он масъалаҳои муҳимтарини беҳтар сохтани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ карда мешаванд. Хабар дода мешавад, ки дар намоишгоҳ корхонаю муассисаҳои тиббии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ ва Аврупои Шарқӣ иштирок менамоянд.

Сентябрь 26, 2008 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд